20 миллион $ барои бунёди терминали боркашонӣ
Душанбе, 29.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ /JICA/ протоколи сеҷонибаро ба имзо расониданд, ки тибқи он Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 20 миллион $ ҳамчун грант ҷудо менамояд. Маблағи мазкур, инчунин барои харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо(системаи ILS) ва системаи чароғакҳои раҳнамоикунанда барои фуруди аниқи ҳавопаймоҳо (cистемаи PALS) истифода бурда мешавад . Алҳол аз ҷониби коршиносони JICA ва мутахассисони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷанбаҳои техникии лоиҳаи сохтмони терминали боркашонӣ омӯхтаю таҳлил гардида, ҳисобҳои пешакӣ омода карда шудаанд. Лоиҳаи мазкур моҳи августи соли равон ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷопон пешниҳод карда мешавад. Интизор меравад, ки дар нимаи дуюми соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон Созишнома дар бораи ҷудо намудани грант ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ шурӯъ гарданд. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сохтмони терминали боркашонӣ ва бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидани фуругоҳ дар оянда имконият медиҳанд, ки боркашонии ҳавоӣ беш аз пеш афзоиш ёфта, дар ин самт ширкатҳои байналмилалии ҳавонавардӣ ба ҳамкорӣ ҷалб карда шаванд. Инчунин сохтмони терминали боркашонӣ шароити мусоид фароҳам меорад то ҳавопаймоҳо дар хати нишасту парвоз фуруди дақиқ намоянд, инчунин барои парвозҳои транзитӣ шабакаи хатсайрӣ ташкил карда шуда, содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишвар зиёд гардида, имкон медиҳад, ки ҷумҳуриамон аз бунбасти коммуникатсионии боркашонии ҳавоӣ бароварда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






