2942 ҳодисаҳои қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор гардид
Душанбе, 16.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Неъмат Раҳматов муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон гуфт, «дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 2942 ҳодисаҳои қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шуда, 18-тояш ҷиноят буда, аз он 8 ҳолат ба қочоқи моддаҳои нашъаовар 3 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва 7 ҳолат ба дигар ҷинояти соҳаи фаъолияти гумрук марбут мебошад».Неъмат Раҳматов ҳамчунин қайд намуд , ки дар натиҷаи баррасии 2924 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 2677 нафар шахсони воқеӣ , ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 2 миллиону 0,44 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин , ба маблағи 33 145 сомонӣ молҳо мусодира гардида, маблағи умумии ҷаримаҳо , молҳои мусодирашуда ва пардохтҳои гумрукии аз ҳисоби ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ситонидашуда 40 миллиону 181 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






