37 млн доллар даромад аз соҳаи туризм

Июль 10, 2014 16:17

Душанбе, 10. 07. 2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар нимсолаи аввали соли 2014 ба кишвар 92 ҳазору 830 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф овараданд, ки аз ин шумора 740 хазору 02 нафарашон ба ҳайси сайёҳ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби туристони хориҷии кишвар ба иқтисодиёти мамлакат 37 миллион доллари амрикоӣ маблағи нақд ворид гаштааст. Ин нуқтаи назарро зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ахтам Рустам зикр намуд.Кумита дар нимсолаи аввали соли равон баҳри татбиқи босамар ва босифати сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳими иқтисодӣ корҳои муайанро ба сомон расонид.  Бо пешниҳоди Кумита ҳамчун аъзои Шӯрои туризми ИДМ соли 2014, моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои -иштирокчии ИДМ кӯҳҳои Фони кишвар минтақаи ҷолиби диққати туристони байни ин давлатҳо эътироф гардид.Ҳамчунин ӯ авзуд, ки рӯйдоди муҳими давраи ҳисоботӣ, ин маслиҳати «Globe Spots» барои сафари саргузаштӣ ба Тоҷикистон мебошад. Сомонаи интернетии мазкур, ки туристони мустақилро муттаҳид мекунад, Тоҷикистонро дар сатҳи кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ дар соли 2014 қарор додааст.Мавриди зикр аст, ки ба иттилои «Globe Spots» Тоҷикистон баъди кишвари Малта дуюмин кишварест, ки барои туристони саргузаштӣ хеле мусоид мебошад.

Июль 10, 2014 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад