381 863 сомонӣ ҷарима кард ба маҳсулоти ғайристандартӣ

Июль 11, 2014 11:50

Душанбе, 11.07.2014. (НИАТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- «Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ, барои риоя накардани меъёри стандартҳо, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ дар 1542 ҳолат шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 381 863 сомонӣ ҷарима баста шуда, ин маблағҳо ба буҷаи давлат ирсол гардидаанд» иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Бахтиёр .
Аз ҷумла, 61 тонна қиммаи гӯшти мурғ дар анбори нигоҳдории маҳсулот воқеъ дар шаҳри Душанбе ошкор ва пас аз ташхис тибқи хулосаи комиссия ба сифати хўроки чорво равон карда шуд. Инчунин, дар анбори нигоҳдории маҳсулоти ҶДММ “Кристал казбеги” ба миқдори 4456 кг чойи хушк, дар анборхонаи ҶДММ “Соса Соlа-нӯшокиҳои Тоҷикистон”, ки дар минтақаи саноатии ш.Хуҷанд ҷойгир мебошанд, ба миқдори умумии 138 828 адад нушокиҳои ташнашикан бо тамғаи “Фанта”, “Фанта-Лимонад” ва “Соса Соlа” муҳлати истеъмолиашон гузашта, ҳамзамон, 570 кг маҳсулоти қаннодӣ, 3000 кг майонез, 250 кг маҳсулотҳои қаннодии кӯдаконаи истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой низ аз муомилот гирифта шуда, нисбати онҳо тибқи тартиби муқарраргардида чораҳо андешида шуд.
 

Июль 11, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!