455 назорати техникӣ дар соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ
Душанбе. 11.07.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Нарзӣ).-Имрӯз фаъолияти Хадамотии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ таҳти рохбарии Сиҷоуддин Саломзода ҷаласаи нимсолаи якуми соли 2014 баргузор гардид. Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар Хадамот 1755 корхона ва 12654 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар корхонаҳои бақайдгирифташуда аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон -34 назорати комплексӣ, 182-мақсаднок, 239-фаврӣ, ҷамъ-455 назорати техникӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин дар ҳисобот доир ба ваколатҳо бо тартиби муқараргардида ба корхонаву ташкилот ва иншоотҳои бақайдгирифташуда:-43 адад шаҳодатномаи харидани маводи тарканда; -19 адад шаҳодатномаи истифодаи анбори маводи тарканда;-4 адад рухсатнома барои гузаронидани корҳои таркишӣ;-47 –нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ ва 1-санаи қитъаи кӯҳкорӣ дода шудааст. С. Саломзода дар чамъбаст афзуд, ки дар оянда низ кормандони Хадамот бо мақсади пурзӯр намудани назорати техникӣ тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ дода, талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқиро оиди бехатарии саноатӣ дар ҶТ таъмин менамоянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






