6 ҳ. 419 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуд
Душанбе,14.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Муқаддас Темурзода).-Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ баргузор гардид, Муҳаммадтоҳир Зокиров сардори ин Кумита изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти идораи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҳ.419 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, нисбат ба 5 ҳ. 270 ҳолат дастур, 4 ҳ.188 протокол ва қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид. Ба маблағи 1 млн. 336 ҳазору 115 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин маблағи 927 ҳазору 940 сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи идораи замин ворид карда шудааст. “Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 347 мавод ба прокуратура, 506 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол карда шуда 3 ҳазору 454 ҳолати қонунвайронкунии замин дар маҳал бартараф карда шудааст”, — афзуд М. Зокиров.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






