Афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар

Июль 16, 2014 15:25

Душанбе, 16.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, хусусан аз Русия афзоиш ёфтааст» гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Неъмат Раҳматов -муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки дар ин давра ба кишвар 140 ҳазору 225 тонна бештар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.   Афзоиши чашмраси воридоти маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон намояндаи масъули Хадамоти гумруки кишвар дар барҳам додани боҷи гумрукӣ нисбати содироти бензин ба Тоҷикистон, ки дар асоси Созишномаи ба тасвибрасидаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия ҷараён мегирад, арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки дар асоси Созишномаи мазкур принсипҳои ҳуқуқии интиқоли маводи сӯхт муайян шуданд.

Июль 16, 2014 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст