Амалиёти нотариалӣ дар Восеъ

Июль 21, 2014 09:38

Восеъ ,  21.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бино ба иттилои нотариуси давлатии идораи нотариалии н. Восеъ Фариддун Азизов дар ноҳия дар шаш моҳи соли равон 133 адад шартномаи хариду фурӯши манзил ба маблағи 47160 сомонӣ, шартномаи ҳадяи манзили истиқоматӣ 79 адад бо маблағи 9579 сомонӣ , замонат (кафолатнома) 120 адад бо маблағи 4440 сомонӣ , шартномаи қарзӣ 9 адад бо маблағи 360 сомонӣ, ваколатнома доир ба идора намудани воситаи нақлиёт 2139 адад бо маблағи 145550 сомонӣ ва дигар ваколатномаҳо 96 адад бо маблағи 1799 сомонӣ ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ амалиёти нотариалӣ 2873 ададро ташкил медиҳад, ки аз онҳо ба маблағи боҷи давлатӣ 215243 сомонӣ , хизматрасонии ҳуқуқӣ маблағи 36920 сомонӣ , шумораи истифодаи бланкаҳо маблағи 20685 сомонӣ ва дигар амалиётҳои нотариалӣ- ҳуқуқӣ ба ин шомил мебошанд.Манбаъ афзуд, ки аз амалиётҳои зикргардида шаҳрвандон бештар ба ваколатнома доир ба идора намудани воситаҳои нақлиёт мароқ зоҳир менамоянд, ки ин амалиёт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.

Июль 21, 2014 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд