«Атлас ва адраси Хуҷанд -2014»
Душанбе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бахшида ба 20 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 октябри соли 2014 дар қаламрави вилояти Суғд озмун ва чорабиниҳои вилоятии иди «Атлас ва адраси Хуҷанд — 2014» гузаронида мешавад.Иди «Атлас ва адраси Хуҷанд — 2014» бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва меҳнати хонагии занон, тарғиби сару либос аз матои табиӣ бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, ривоҷу равнақ бахшидани истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф ва татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занону духтарон гузаронида хоҳад шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






