Ба таваҷҷӯҳи довталабони Донишкадаҳои ВКД ФР
Душанбе, 16.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба диққати довталабон мерасонад, ки мӯҳлати қабул ба Донишкадаҳои ҳуқуқӣ ва Академияи ВКД Федератсияи Русия то 20 июли соли 2014 тамдид карда шуд.Ба факултаҳои Донишкадаҳои ҳуқуқӣ ва Академияи ВКД Федератсияи Русия довталабони синни аз 17 то 30-сола, дорои маълумоти таҳсилоти миёна, ба талаботи мақомоти корҳои дохилӣ ҷавобгӯ, қаду қомати на пасттар аз 168 см (барои занон на пасттар аз 160 см), донандаи забони русӣ ва аз ҷиҳати саломатӣ ба хизмати ҳарбӣ ва таҳсил бенуқсон қабул карда мешаванд.Шаҳрвандоне, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати ҶТ истифода мебаранд, дар вақти гузаштани комиссияи мандатӣ тибқи талаботҳои имтиёзӣ афзалият пайдо мекунанд.Донишкадаҳои ҳуқуқӣ ва Академияи ВКД Федератсияи Русия мутахассисони коршиноси судӣ, таъминоти ҳуқуқии амнияти миллӣ, психологияи фаъолияти хизматӣ, амнияти иқтисодӣ ва сардорони ҷузъу томҳои қӯшунҳои дохилиро тайёр менамояд. Тибқи барномаҳои Академия ва Донишкадаҳои ВКД ФР довталабонро дар Академияи Волгоград, Донишкадаи ҳуқуқи Орлов, Донишкадаи ҳуқуқи Урал, Донишкадаи Сибири Шарқӣ, Донишкадаи ҳуқуқи Белгород, Донишкадаи ҳуқуқи Барнаули Русия қабул менамоянд.Баъди 5 соли таҳсили бомуваффақият хатмкунандагон маълумоти касбӣ гирифта, ба онҳо рутбаи махсуси лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохилӣ, лейтенант ва дипломи таҳсилоти олӣ супорида мешавад.Барои гирифтани маълумоти зарурӣ хоҳишмандон метавонанд бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Икромӣ-29, раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҶТ муроҷиат намоянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






