Баланд гардидани нархи картошка ба чӣ рабт дошт?

Июль 18, 2014 12:18

Душанбе, 18.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Иллати баланд гардидани нархи картошкаро дар бозорҳои мамлакат Сироҷиддин Валиев -раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ ба авзои сиёсии Афғонистон вобаста ба баргузории интихоботи президентии ин кишвар рабт дод. Мавсуф афзуд, ки нархи картошкаро дар бозорҳои кишвар воридоти картошка аз Покистон, ки тавассути қаламрави Афғонистон сурат мегирад, нигоҳ медошт.  Сироҷиддин Валиев гуфт, ки ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода дар асоси қарори Ҳукумати мамлакат 10 000 тонна картошка захира карда мешавад. Дар робита бобати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 тамоми амборҳои тобеи Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» омода карда шудааст. Инчунин шартномаи тарафайн бо хоҷагиҳои картошкапарварии вилояти Суғд ва гурӯҳи навоҳии водии Рашт баста шудааст, ки шурӯъ аз моҳи сентябр захираи картошка, ки яке аз маҳсулоти асосии ғизоии аҳолии кишвар маҳсуб меёбад, оғоз мегардад.

Июль 18, 2014 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад