Барқияи табрикӣ ба Президенти Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер
Душанбе, 16.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Бо камоли хушӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Комиссияи Аврупо самимона табрик ва таҳният менамоям.Тоҷикистон барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо Иттиҳоди Аврупо ҳавасманд аст ва мо аз сатҳи имрӯзаи ин ҳамкориҳо қаноатмандем.Табиист, ки мо ба ояндаи неки равобити ҳасана бо Иттиҳоди Аврупо итминон дорем ва барои рушду густариши онҳо пайваста саъю талош хоҳем кард.Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар замони раҳбарии Шумо ба ин ниҳоди бонуфуз ҳамкорӣ ва шарикии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сатҳи сифатан навро касб намуда, ба пояҳои баландтар хоҳад расид.Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу саодат ва пирӯзиву комёбиҳои ҷадид орзу менамоям.Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






