Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:«Ҷаноби Олӣ,Бо андӯҳи бузург хабари садамаи фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Алҷазоирро дар наздикии шаҳри Гаои Ҷумҳурии Малӣ, ки мӯҷиби марги теъдоди зиёди мусофирон гаштааст, дарёфт намудам.Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона ба мардуми Ҷумҳурии Франсия, хоҳишмандам ҷаноби Президент, ҳамдардии инҷониб ва халқи Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






