Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:«Ҷаноби Олӣ,Бародари азиз, Хабари ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии Алҷазоир ва дар натиҷа ба ҳалокат расидани мусофирони алҷазоирӣ ҳамроҳ бо мусофирони дигар моро сахт андӯҳгин кард.Бо арзи тасаллият даст ба дуо мебардорем, ки Худованди азза ва ҷалла ҳамаи қурбониёнро дар ҷавори раҳмати хеш паноҳ диҳад ва ба пайвандонашон сабри ҷамил ато фармояд. Худованд Алҷазоир ва мардуми онро аз ҳама гуна мусибатҳо нигаҳ дорад».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






