Баргузории семинари 3-юми Интерпол дар Душанбе
Душанбе, 25.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).- Аз 21 то 23-юми июли соли 2014 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси намояндагони Котиботи Генералии Интерпол семинари 3-юми Интерпол дар мавзӯи «Қочоқи маводи ҳастаӣ» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилии 10 кишвари ҷаҳон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Бангладеш, Ироқ, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Молдова ва Афғонистон иштирок доштанд. Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, семинари мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ва ҷаноби Алан Кинг намояндаи Котиботи Генералии Интерпол кушода шуд. Дар ҷараёни семинар ба ғайр аз дарсҳои амалӣ, инчунин иштирокчиёни он дар мавзӯҳои гуногун вобаста ба масъалаи асосӣ баромад намуданд. Дар семинар паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъ, дарёфт ва безараргардонии маводи радиоактивӣ, ошкорсозӣ ва муайян намудани дараҷаи бехатарӣ, ҳолати хариду фурӯши маводи ҳастаӣ ва ғайра мавриди баҳс қарор дода шуда, дар ин самт байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.Дар чорабинии мазкур намояндаи Раёсати энергияи атомии Тоҷикистон Илҳом Мирсаидов дар мавзӯи «Тайёрӣ ба ҳолатҳои фавқуллода ва мониторинги радиатсионӣ ва назорати радиометрӣ дар сарҳади Тоҷикистон», корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ Лариса Филимонова дар мавзӯи «Бартарафкунии ҳолатҳои фавқуллода оид ба маводи радиоактивӣ», корманди Котиботи Генералии Интерпол Ровланд Марк дар мавзӯи «Базаи байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба терроризми ҳастаӣ», намояндаи Ҷумҳурии Молдова дар мавзӯи «Инъикос ва ошкорсозии маводи радиоактивӣ» баромад намуданд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






