Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм
Душанбе, 1.07.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мизи мудаввар оид ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони созмонҳои соҳибкорӣ, ассосиатсияҳо ва ширкатҳои хусусии бахши туризм иштирок намуданд.Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3 майи 2014 таҳти № 301 тасдиқ шудааст, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон ҷиҳати татбиқи самараноки он мебошад. Ҷиҳати муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов баромад намуда, оид ба таъсис, ҷанбаҳо ва натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷати таҳлилии Модели рушди бахши туризм дар Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии он дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ сухан кард.Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни мизи мудаввар байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо сурат гирифта, ҷиҳати татбиқи самараноки нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру пешниҳодоти муфид манзур шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






