Бинои нави шӯъбачаи милитсия дар Мискинобод
Душанбе, 9.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар деҳаи Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод маросими ифтитоҳи бинои нави шӯъбачаи милитсияи деҳоти Мискинободи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Файзобод баргузор гардид.Бинои нав дар давоми чор моҳ бо дастгирии сафорати ИМА, ташкилоти байналмилалии «Эмерҷенс-груп», ҳокимияти маҳаллӣ ва кумаки дастаҷамъонаи мардуми ҷамоати деҳоти Мискинобод сохта ба истифода дода шуд. Ин бино аз қисми навбатдорӣ, толори маҷлисгоҳ, утоқҳои кории сардор, ҷонишин, нозирони минтақавӣ, ваколатдорони фаврӣ ва нозир оид ба корҳои шиносномавӣ иборат буда, бо тамоми шароити ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошад.Шӯъбачаи милитсияи деҳоти Мискинобод соли 1995 таъсис дода шуда, то инҷониб биноҳои гуногунро ба иҷора гирифта, фаъолият менамуд. Ин шӯъбачаи милитсия барои се ҷамоати деҳот бо аҳолии беш аз 37 ҳазор нафар хизмат мерасонад. Ҳамчунин дар доираи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо «Эмерҷенс-групп» толори варзишии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №40-и деҳаи Лолагии ноҳияи Файзобод баъди тармиму таҷдид ба истифода дода шуд. Толори мазкур бо асбобу анҷоми варзишӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ таъмин буда, имкон медиҳад, то тамоми ҷавонони деҳа ба варзиш ҷалб карда шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






