Боздиди Қ.Расулзода мавзеъҳои наздисоҳилии дарёи Панҷ
Душанбе, 11.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоии бевосита бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли равон имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои хавфноки наздисоҳилии дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дидан кард. Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ки бо дастгирӣ ва маблаггузории ҳукумати мамлакат аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, дар мавзеъҳои нисбатан хавфноки Сарбанд ва Хилтони соҳили дарёи Панҷ ва мавзеи наздик ба канали Чубек шинос шуд.Тавре таъкид гардид, дар ин мавзеъҳои хавфнок дар масофаҳои мутаносибан баробар ба 30 метр ва 300 метр корҳои соҳилбандӣ бо сифати баланд иҷро гардида, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.Бо мақсади сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва сари вақт пешгирӣ намудани хавфи обхезиҳо дар маҳаллаҳои наздик ба соҳил дастур дода шуд, ки масолеҳи зарурӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз қабили сўзишворӣ, семент, сангҳои бетонӣ ва симтур ба миқдори зарурӣ захира карда шаванд.Ҳамзамон аз масъулини дахлдор талаб карда шуд, ки барои пешбурди корҳои асосии соҳилмустаҳкамкунӣ миқдори зарурии техникаи корӣ ҷалб гардида, назорати сатҳи об ва маҷрои дарё дар ин мавзеъҳо ба таври шабонарўзӣ ба роҳ монда шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






