Боздиди ҷавонони Хатлон аз мавзеъҳои таърихӣ

Июль 18, 2014 15:28

Душанбе, 18.07.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар моҳи июли соли равон 17 саёҳати наврасону ҷавонон ба мавзеъҳои таърихии вилоят анҷом дода шудааст.Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров, наврасону ҷавонони хатлонӣ ҳангоми боздид аз ҷойҳои таърихии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Чилучор чашма, мавзеъи таърихии Ҳулбук ва ғайра баҳраи хуб бардошта, бори дигар аз маданияти қадимаи гузаштагони хеш ва аз бозёфтҳои таърихии миллати куҳанбунёди худ аз наздик ошно шуданд. Гуфта мешавад, иқдоми мазкур дар ниҳоди онҳо ҳисси ватандустӣ ва эҳтиром бо арзишҳои миллиро боло бардоштааст.

Июль 18, 2014 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад