Боздиди намояндагони СММ ва СҶТ аз нуқтаҳои назоратӣ
Душанбе, 3.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовар бо ҳайати баҳодиҳии раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Созмони чаҳонии гумрук (СҶГ) дар доираи “Барномаи глобалии назорати интиқоли контейнерҳо” мулоқот намуд.Аъзоёни ҳайати баҳодиҳӣ зикр намуданд, ки дар рафти сафари худ онҳо бо фаъолияти чор нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии гумрукӣ дар ҳудуди Тоҷикистон шинос шуданд ва ин имкон медиҳад, ки ҳисоботи мутобиқ барои Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи сафар тартиб дода шавад.Ёдовар мешавем, ки “Барномаи глобалии назорати интиқоли контейнерҳо” дар Тоҷикистон давоми се сол амалӣ мешавад. Диққати асосии он ба такмил додани ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини моддӣ-техникии нуқтаҳои назоратӣ-гузаргоҳӣ равона шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






