Боздиди наврасони бадахшонӣ аз Осорхона ва Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 16.07.2014 (АМИТ “Ховар” Фарзонаи Давлат).-Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳринав 100 нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки дар истироҳатгоҳи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав истироҳат менамуданд, аз Осорхона ва Китобхонаи миллӣ шаҳри Душанбе дидан намуданд. Бино ба иттилои Кумитаи мазкур ин боздид дар мафкураи онҳо ҳисси ватандуст, ваҳдату якдигарфаҳмиро бори дигар тақвият бахшид. Онҳо ин истироҳат ва боздиди таърихиро самараи истиқлолият ва сулҳу ваҳдат арзёбӣ намуда, ба Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалби онҳо бо истироҳатгоҳҳо арзӣ миннатдорӣ намуданд. Ҳамзамон таъкид доштанд, ки ҷавобан ба ин ғамхорию пуштибонӣ бо хониши аъло таҳсил намуда, барои ободу зебо намудани ватан-модари ягона Тоҷикистони азиз ҳисса мегузоранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






