Боздошти 49 нафар аъзои ташкилоти террористиву экстреместӣ
Душанбе, 18.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони милитсия 49 нафар аъзои ташкилоти террористиву экстреместӣ, 39 нафар аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 9 нафар аъзои гурӯҳҳои бандитӣ дастгир шуданд, ки аз тарафи онҳо 169 ҷиноят содир гардидааст», — изҳор дошт Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз дар нишасти матбуотӣ.Аз рӯйи суханҳои вазир бармеояд, ки дар ин давра кормадони милитсия 5 ҳолати амали террористиро пешгирӣ намуда, як ҷинояти террористиро ошкор кардаанд. Дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ Сафиалло Девонаев иброз дошт, ки бо ҷурми кӯшиши тарконидани заводи алюмини ТАЛКО, бинои прокуратура, ШКД, ҳукумат ва хонаи фарҳанги шаҳри Турсунзода 7 нафар боздошт гардид. Ба ҷавоби Сафиалло Девонаев Вазири корҳои дохилӣ илова намуд, ки ин нафарон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, аъзоёни як гурӯҳи террористӣ мебошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






