Боздошти ноболиғ бо гумони дуздӣ
Душанбе, 2.07.2014. (НИАТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).- 30 июни соли равон ба ШВКД дар ноҳияи Данғара шаҳрванд Нуриддинов Ашрафиддин Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27 июн соати 20:00 шахсони номаълум тариқи пинҳонӣ аз дохили автомошинааш тамғаи “Opel-Astra”, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 38 ҳазор рубли русӣ, 139 сомонӣ, 4 адад симкорт ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Nokia”, ки арзишашон 5679 сомониро ташкил медод, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар дуздӣ хонандаи синфи 9-уми мактаби миёна, сокини ҷамоати деҳоти Сангтӯда дастгир гардид. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






