Боздошти як мудир дар ноҳияи Фархор
Душанбе, 8.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Фархор Маҳмудов Ширинбек Ҳакимзода барои гирифтани пора боздошт шудааст. Масъулони Агентии мубориза бо коррупсия мегӯянд, Маҳмудов барои бо номи Сунатулло Мутавалиев хусусӣ гардонидани амволи давлат -хирмани собиқ хоҷагии ба номи Коммунизм аз ӯ бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо роҳи қаллобӣ маблағи 5000 сомонӣ ва 100 доллари ИМА гирифта, уро фиреб дода, ба манфиати ӯ ягон амалро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.Нисбат ба Ш.Ҳ. Маҳмудов парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакии он ба анҷом расида, ба суд ирсол карда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






