Бозии дӯстонаи футбол байни дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон

Июль 31, 2014 11:37

Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- 12-уми августи соли равон дар шаҳри Алмаато бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад. Тавре дар ин бораи сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дар бораи баргузории бозии байналмилалии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Қазоқистон ва Тоҷикистон раҳбарони созмонҳои футболи ҳарду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Ёдовар мешавем, ки пеш аз бозӣ бо мунтахаби Қазоқистон, футболбозони тоҷик рӯзи 8-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо мунтахаби Малайзия бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Бояд гуфт, ки то ҳоло мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев чор бозии дӯстона кардааст. Мунтахаби Тоҷикистон дар се бозии дӯстона бар тимҳои миллии Ҳиндустон, Қирғизистон ва Афғонистон пирӯз шуда, аз дастаи Эстония бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрдааст. Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА дар мақоми 124-ум ва Қазоқистон дар мақоми 127-ум қарор доранд.

Июль 31, 2014 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд