Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Малайзияро қазоқҳо доварӣ мекунанд
Душанбе, 23.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Бозии байналмилалии дӯстонаи байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Малайзияро ҳакамонҳо аз Қазоқистон доварӣ мекунанд.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, довари FIFA Александр Алиев аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютин ва Самад Тергеусизов (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ байни дастаҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад. Феълан мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи ФИФА дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.Ба иттилои манбаъ, пас аз бозӣ бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ 4-уми сентябр дар варзишгоҳи нави бошгоҳи футболи БАТЭ «Борисов-Арена», ки маросими кушоиши он 3-юми майи соли равон баргузор шуд, барпо мегардад.Ёдовар мешавем, ки бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои миллии Тоҷикистону Малайзия 8-уми августи соли равон, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






