Бунгоҳҳои хабарии ТV дар хориҷи кишвар ифтитоҳ мегарданд?

Июль 11, 2014 11:18

Душанбе, 11.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода».- Дар соли равон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва бо ширкати миллии давлатии телерадиошунавонии Ҷумҳурии Беларус Ёддошти тафоҳум ва Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки дар доираи он ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа хоҳанд ёфт. Ин санадҳои ҳамкорӣ дар доираи сафари расмии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон ва Беларус ба тасвиб расидаанд.  Раҳмон Асадулло- раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 11 июл дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки алҳол ҳамкории шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон бо шабакаҳои телевизионии кишварҳои хориҷи дуру наздик хуб ба роҳ монда шудааст. Хусусан ҳамкории шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» бо шабакаҳои телевизионҳои Озарбойҷон Афғонистон, Эрон, шабакаи телевизиони «Сафина» бо телевизиони «Тулӯъ»-и Афғонистон мисоли равшани гуфтаҳост.   Ҳамзамон Раҳмон Асадулло дар посух ба саволи хабарнигори «Ховар»: -оё Кумитаи телевизон ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар оянда тасмим дорад, ки дар кишварҳои минтақа намояндагиҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлатиро ифтитоҳ намояд? -гуфт, ки дар соли равон нисбати ифтитоҳи бунгоҳҳои хабарии телевизион ва радиои давлатӣ дар кишварҳои минтақа тасмиме надорем, мумкин аст, ки дар солҳои оянда ба нақша гирифта шаванд.

Июль 11, 2014 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад