Бунгоҳҳои хабарии ТV дар хориҷи кишвар ифтитоҳ мегарданд?
Душанбе, 11.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода».- Дар соли равон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва бо ширкати миллии давлатии телерадиошунавонии Ҷумҳурии Беларус Ёддошти тафоҳум ва Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки дар доираи он ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа хоҳанд ёфт. Ин санадҳои ҳамкорӣ дар доираи сафари расмии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон ва Беларус ба тасвиб расидаанд. Раҳмон Асадулло- раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 11 июл дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки алҳол ҳамкории шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон бо шабакаҳои телевизионии кишварҳои хориҷи дуру наздик хуб ба роҳ монда шудааст. Хусусан ҳамкории шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» бо шабакаҳои телевизионҳои Озарбойҷон Афғонистон, Эрон, шабакаи телевизиони «Сафина» бо телевизиони «Тулӯъ»-и Афғонистон мисоли равшани гуфтаҳост. Ҳамзамон Раҳмон Асадулло дар посух ба саволи хабарнигори «Ховар»: -оё Кумитаи телевизон ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар оянда тасмим дорад, ки дар кишварҳои минтақа намояндагиҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлатиро ифтитоҳ намояд? -гуфт, ки дар соли равон нисбати ифтитоҳи бунгоҳҳои хабарии телевизион ва радиои давлатӣ дар кишварҳои минтақа тасмиме надорем, мумкин аст, ки дар солҳои оянда ба нақша гирифта шаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






