Бурёкӯбони дипломатҳои тоҷик дар Васат Виҳар

Июль 1, 2014 15:45

Душанбе, 01.07.2014.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидзода).-Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ соҳиби бинои нави замонавӣ гардид. Ба ин муносибат дар бинои Сафорат бо иштироки дипломатҳои тоҷик, намояндагони ниҳодҳои кишвари иқомат, хусусан соҳибкорони ҳиндӣ, ки бо кишвари мо ҳамкории зич доранд, инчунин донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Ҳиндустон таҳсил менамоянд, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.  Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ҳиндустон Саидбег Саидов дар ҷамъомад доир ба паҳлуҳои мухталифи равобити ҳасанаи Душанбе ва Деҳлӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ маълумот дод. Бояд тазаккур дод, ки бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Деҳлӣ се ошёна буда, дорои беш аз 10 утоқи корӣ ва се толори пазироист, ки ба беҳтар гардидани фазои хидматӣ мусоидат менамояд. Дар таҳхонаи бинои нави Сафорат баҳри тарғиби фарҳанги тоҷикон Маркази фарҳангӣ, китобхона ва бойгонӣ ҷо дода мешавад. Аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар маҳали Васат Виҳар, ки шаҳраки дипломатӣ маҳсуб меёбад, воқеъ аст. Бинои сафорат бо лавҳаю нигоштаҳои тоҷикӣ оро дода шудааст.

Июль 1, 2014 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд