Чаро шумораи бекор кардани ақди никоҳ меафзояд?
Душанбе, 23.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Рустами Шоҳмурод вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷараёни нишасти хабарӣ, ки имрӯз доир гардид, аз афзоиши бекоркунии бақайдгирии ақди никоҳ изҳори нигаронӣ кард. Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар тули шаш моҳи соли равон 4 ҳазору 663 сабти бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба солҳои пешин рӯ ба афзоиш ниҳодааст. “Мо таҳлили амалияи судиро карда наметавонем. Тақрибан 70-75 фоизи бекоркунии бақайдгирии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи судҳо сурат мегирад. Он ҳалномаҳое, ки дастраси мо мешаванд, ҳатман мавриди таҳлил қарор мегиранд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки имрӯзҳо бештар мувофиқ набудани хислати ҳамсарон, дахолати шахсони сеюм, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, безуррётӣ, нашъамандӣ, бекорӣ, хиёнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ сабаби ҷудо шудани оилаҳо мегардад.Ба ақидаи ман асоси ҷудошавии оилаҳо дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад.Оила нафақат ҳуқуқ аст ин ӯҳдадорӣ ва масъулият аст. Мо бояд бештар миёни ҷавонон таблиғот барем бо онҳо сӯҳбат кунем. Ҷавононро ба ҳаёти мустақилона омода кунем. Масъулияти онҳоро ба ҳаёти оилавӣ баланд бардорем. Фақат як сохтор пеши роҳи ҷудошавии оилаҳоро гирифта наметавонад, мо бояд дастаҷамъона дар ин самт мубориза барем”,- изҳор дошт вазири адлияи Тоҷикистон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






