Чкалов: Кумаки моддӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд
Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дар доираи таҷлили Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ба 10 нафар шахсони дорои имконияташон маҳдуд, яккаву танҳо ва камбизоати шаҳр кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.Тавре ки дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода ба хонаи шахсони ниёзманди дастгирӣ ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи эшон пурсон шуд ва маводҳои ғизоиро тақдим намуд.Рухсора Давлатзода баён дошт, ки бо сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ қарор гирифта, пайваста ба онҳо ғамхориҳо зоҳир мегардад.Ҳамзамон зимни аёдат роҳбарияти шаҳр изҳор дошт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шахсони эҳтиёҷманд минбаъд низ кумакҳои зарурӣ расонида хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






