Чжан Синфэн: «Тоҷикистон дар давраи раисияш ба пешравиҳо ноил гашт»
Душанбе, 29.07.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ ).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Чжан Синфэнро ба ҳузур пазируфт. Роҳбари Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Чжан Синфэн баъди мулоқот ба хабарнигорон андешаҳояшро чунин иброз намуд:«Имрӯз ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳайати сохтори зиддитеррористии СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт. Ин нишон медиҳад, ки Президент ва Ҳукумати ҶТ ба соҳаи амниятӣ дар доираи СҲШ ва сохтори зиддитеррористии СҲШ диққати хоса медиҳад. Мо бо қаноатмандӣ изҳор доштем, ки Тоҷикистон дар давраи раисияш дар СҲШ барои рушди ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо, махсусан дар доираи ҳамкорӣ бо Сохтори зиддитеррористии ин созмон диққати ҳамаҷониба медиҳад. Ҳангоми сӯҳбат бо Президент мо масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамоҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор додем. Нигоҳи мо бо ҷаноби Президент дар самти рушд бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф ягона буд. Вобаста ба вазъи кунунии минтақа ҳаминро гуфтаниям, ки мо бояд пеш аз ҳама диққати худро ба минтақаҳои ҳамсоя нигаронем. Медонем, ки минтақаҳои ҳамсояи мо вазъи ноором доранд ва аз ин рӯ моро лозим меояд, ки ҷиҳати ба чунин ҳолат барнахурдан ҳамкориҳоро дар самти амният пурзӯр кунем. Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба таҳдиду хатарҳое, ки минтақаро таҳдид мекунанд, аъзоёни СҲШ ҳамкориҳоро дар самти амният рушд бахшанд ва муқобили ин таҳдиду хатарҳо муқобиият нишон диҳанд.Тоҷикистон дар давраи раисияш тавонистааст, ки ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун тақвият дода, ба пешравиҳо дар ин самт ноил шавад. Дар ин давра Тоҷикистон як қатор вохӯриҳо ва нишастҳоро дар доираи СҲШ баргузор намуд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳим, аз ҷумла муқобилият нишон додан ба таҳдиду хатарҳои муосир, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд. Масалан, дар моҳи апрел ҷаласаи роҳбарони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид, баъдан ҷаласаи вазирони мудофиа ва чанде пеш вохӯрии роҳбарияти сарҳадбонии ин кишварҳо доир гардида буд. Дар ин чорабиниҳо ҷонибҳо бобарор фаъолият намуда, дар якҷоягӣ роҳҳои ҳалли масъалаҳоеро ҷустанд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Саммити вазирони корҳои хориҷии СҲШ, ки он яке аз ниҳодҳои асосии созмони мазкур ба шумор меравад, пагоҳ ба кори худ оғоз мекунад ва ман умедворам, ки чораҳои дар ин сол амалишаванда ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, аз ҷумла дар самти муборизаи муштараки зиддитеррористӣ, мусоидати фаъол мекунад».








Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт






