Дар Муъминобод гӯшт 25 сомонӣ
Муъминобод, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бахшида ба моҳи шарифи Рамазон дар н. Муъминобод аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гӯшаи «Деҳқон-Бозор» таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза маҳсулоти ниёзи мардум аз қабили гӯшт , картошка, пиёз , сабзӣ, помидор ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи арзон ба фурӯш бароварда шуда, дастраси мизоҷон мегардад.Бахусус гӯшт , ки дар бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳо бо нархи гарон ба фурӯш бароварда шудааст, аз ин лиҳоз масъулини ноҳия тасмим гирифт, ки нархи гӯштро дар «Деҳқон Бозор» аз 25 то 28 сомонӣ ба фурӯш бароварда . зери назорати қатъӣ гиранд.Айни ҳол гӯшти чорвои калон ва моли майда ба бозори навтаъсис ҳамарӯза аз 70 то 250 кг ворид карда шуда, ба фуруш бароварда мешавад, ки нархи имрӯзаи гӯшт шаҳрвандонро қаноатманд карда метавонад.Дар ин самт бештар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои чорвопарварӣ саҳмгузор мебошанд.Раиси ноҳия Пирмад Зарипов зимни сӯҳбат иброз дошт, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мақомоти иҷроия ба нақша гирифтааст, ки воридоти гӯштро ба бозор бештар намуда, нархи онро аз 25 сомонӣ арзон ба фурӯш барорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






