Даргузашти Ҷонибеки Акобир
Душанбе, 25.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ҷонибеки Акобир, Нависандаи халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» рӯзи 25 июл дар синни 62 ба зиндагӣ падруд гуфт.Ҷонибеки Акобир дар солҳои охир аз асароти сактаи мағз азоб мекашид, бо вуҷуди ин то замони маргаш ҳамчун сардабири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» кор мекард. Ҷонибеки Акобир соли 1952 дар рустои Рӯшании ноҳияи Комсомоболод(Нурободи ҳозира) ба дунё омада, соли 1980 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.Ҷонибеки Акобир дар солҳои 80 ва авоили солҳои 90 ба ҳайси мудири шӯъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекард. Ӯ соли 1992 як муддат сухангӯи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров буд. Аз соли 1997 сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин шуд . Ҷонибеки Акобир беҳтарин асарҳои худро дар маҷмӯаҳои «Дунё ба умед» (1983), «Хирмани ситора» (1985), «Кӯҳистонӣ» (1987), «Пазмонӣ» (1990) манзури хонандагон гардонидааст. Охирин асари калонҳаҷми ӯ «Қаламҳои кӯҳистонӣ» (2012) аз ҷониби хонандагон ва нақди адабӣ хуш пазируфта шуд.Ҷонибеки Акобир асарҳои ҷудогонаи И.С. Тургенев, Иво Андрич, И.Биэшу, П.Проскурин ва дигар адибони ҷаҳонро ба забаони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Осори худи ӯ низ ба забонҳои русӣ, украинӣ, узбекӣ, олмонӣ в ғайра тарҷума шудаанд.Ҷонибеки Акобир барандаи Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон (1990) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ буд.Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






