Дарси таълимии гардиши ғайриқонунии мухаддирот ба сарҳадбонон
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 1 июл кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар заминаи курсҳои тайёрии кормандони мақомоти назорати сарҳадӣ дарсҳои таълимӣ дар мавзӯи “Таҳлили вазъ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа” гузарониданд.Дар рафти таълим ба зиёда аз 50 шунаванда донишу малакае, ки барои пешгирии самараноки интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ зарур аст, омӯзонида шуд.Инчунин, кормандони Агентӣ ба шунавандагон “Муаррифии вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2013”-ро пешкаш намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






