Дарёфти маводи психотропӣ дар пойтахт
Душанбе, 1.07.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- 28-уми июни соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони гумруки «Майдони ҳавоӣ»-и Раёсати минтақавии гумурк дар шаҳри Душанбе истиқоматкунандаи пойтахт Ҷалолов Шералӣ Алиевич, соли таваллудаш 1981 бо гумони даст доштан ба хариду фурӯши маводи психотропӣ-синтетикӣ боздошт гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 540 дона хабои (таблетка) маводи психотропии экстазии навъи «МДМА» ки вазни холисаш 162 граммро ташкил медиҳад ёфт ва мусодира шуд. Инчунин, шарикдасти Шералӣ Ҷалолов шаҳрванд Боев Пирмурод Шарифович низ дастгир шуда, нисбат ба ҳарду бо моддаи 200 қисми 4 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






