Даст доштани ноболиғон дар ҷиноятҳои ахлоқӣ
Душанбе, 18.07.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Зимни нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, сардори ин мақомот Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор дошт, ки дар ин давра 11 ҳолати ғайриқонунӣ додани таълимоти динӣ ошкор гардид.Тибқи иттилоъ дар ин таълимгоҳҳо 356 нафар ноболиғон ва ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шуда, 219 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмӣ муайян ва ошкор гардидааст. Ҳамчунин нисбат ба 921 қонунвайронкунандагон ва падару модарони онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст. «Аз ҷониби ноболиғону ҷавонон 3 ҳ. 62 ҷиноят содир гардид, ки содиршавии он нисбат ба соли гузашта афзудааст. Бояд зикр намуд, ки дар ин давра 6 ҳолати муноқишаҳои гурӯҳӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ як нафар хонандаи мактаби миёна ба ҳалокат расид», — гуфт Раҳимзода Рамазон Ҳамро. Дар посух ба саволи хабарнигорон Вазир иброз дошт, ки дар самти ҷиноятҳои вобаста ба ахлоқ, фоҳишагӣ ва даллагӣ, дар давраи ҳисоботӣ 593 ҷиноят ошкор гардида, аз як ҳазору 777 фоҳишаи дастгир шуда 30 нафараш ноболиғон мебошанд, ки ин боиси нигаронии ҷомеа мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






