Дасти кӯмаки «Парастор» ба ниёзмандон

Июль 22, 2014 09:50

Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар остонаи иди Рамазон созмони ҷамъиятии «Парастор» ба 200 нафар оилаҳои ниёзманд ва маъюбони ҷамоати «Сабо»-и ноҳияи Шаҳринав, «Деҳқонобод»-и ноҳияи Ҳисор ва ҷамоати ба номи Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонд.  «Ин кӯмакҳо аз маводи ғизоӣ ва либос иборат буда, он дар ҳамкорӣ бо Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ва бархе аз соҳибкорон ба оилаҳои камбизоат тақсим карда шуд», мегӯяд сарвари созмони «Парастор» Раъно Қосимова. Мавсуф афзуд, ки созмони «Парастор» ҳамзамон бо мақсади ҷалби духтарони маҳаллӣ ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ дар ҷамоати «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб синфхонаеро аз таъмир бароварда, онро бо мошинаҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонид. Созмони ҷамъиятии «Парастор» соли 2007 бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва бепарасторон созмон дода шуда, бобати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа чандин лоиҳаҳои иҷтимоиро татбиқ намудааст. Ҳамзамон созмон ҷиҳати пешгирии хушунат дар хонаводаҳо, дастгирии занону духтарони минтақаҳои дурдасти кишвар, ҳунаромӯзӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ кумакҳо расонидааст.

Июль 22, 2014 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад