Дастовардҳои имрӯза дар Панҷакент назаррасанд
Панҷакент,19.07.2014 (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).- Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ширкати хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуоти баргузор гардид. Раиси шаҳри Панҷакент Хисрави Абдуназар нишастро ифтитоҳ намуда , хабарнигорон ва иштирокчиёни ин ҷаласаро «хайрамақдам» гуфт. Раиси шаҳр аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр тӯли шаш моҳи соли равон гузориш дода, аз ҷумла иброз дошт, ки дар ин давра нақшаи даромадҳои худи буҷети маҳаллӣ иҷро карда шуд, аз буҷети ҷумҳурӣ маблағҳои мақсаднок пурра ворид гардиданд ва барои рушди иҷтимоию иқтисоди истифода бурда мешавад.«Умуман, мо аз натиҷаҳои истеҳсолии аксари идораву ташкилотҳо , хоҷагиву корхонаҳои ҳудуди шаҳр қаноатмандем, агарчанде дар баъзе самтҳои хоҷагидории мо норасоиҳо ба чашм расанд . Мекӯшем , ки давоми сол онҳо бартараф шаванд ва ба натиҷаҳои беҳтаре ноил бигардем », гуфт Хисрави Абдуназар. Дар қатори дигар масоили дар ин нишаст матраҳшуда , раиси шаҳр ба масъалаи таҷдиду азнавсозии роҳи Айнӣ — Панҷакент, ки ба масофаи 112,6 км, бо суръат идома дорад, гузориш карда қайд намуд,ки соли ҷорӣ тибқи нақша сохтмони бинои 17 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Соҳаи маориф -4 иншоот, соҳаи тандурустӣ -4 иншоот, соҳаи иқтисодиёт -5 иншоот, сохтмони иншоотҳои баландошёна — 3 иншоот мебошад. Хабарнигорон аз хабарҳои возеҳ ва равшани масъулин ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Панҷакент қаноатманд гардида , ба роҳбарон ва кулӣ мардуми ин минтақа барору комёбиҳо таманно намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






