ДМТ: магистрон дар солҳои таҳсили 2014-2015 бо стипендия таъмин хоҳанд шуд
Душанбе, 8.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Донишҷӯёне, ки давраи аввали сессияи санҷишию имтиҳониро дар вақти муйяншуда супориданд ба гирифтани стипендия мушарраф гардиданд. Аз натиҷаи сессияи зимистона аз 5618 нафар донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи донишгоҳ 52,8% яъне 2968 нафар стипендия гирифтанд, гуфт зимни нишасти хабарӣ Абдусалом Миралиев, муовини ректори ДМТ оид ба таълим.Ҳамчунин қайд намуд, ки барои донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, ахлоқи намунавӣ доранд, дар соли таҳсили сипаригашта аввалин маротиба барои 11 нафар донишҷӯ стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Барои донишҷӯёни донишгоҳ 36 адад стипендияҳои номӣ муайян шудааст, ки ба донишҷӯёни аълохон дода мешавад.Барои бо стипендия таъмин намудани магистрантон ба сохторҳои дахлдор мактуб ирсол карда шуд, ки аз соли нави таҳсил ба магистроне, ки дар гурӯҳҳои буҷавӣ таҳсил намуда, бо баҳои аъло имтиҳонҳоро супоридаанд стипендия муқаррар карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






