Донишҷӯёни ДДХ-ғолибони мусобиқоти байналмилалӣ
Душанбе, 2.07.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Донишҷӯи соли якуми факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳамроз Раҷабов дар чемпионати Осиё, ки 30 июн дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, соҳиби медали тилло шуд. Дар чемпионат 350 варзишгар аз 20 давлати дунё иштирок намуданд. Ба ин васила Ҳамроз Раҷабов роҳхати чемпионати ҷаҳон оид ба намуди самборо дар вазни 68 килограм ба даст овард.Бино ба иттилои сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод, ин дастоварди нахустини донишҷӯён дар соли хониши 2013-2014 набуда, дар баробари Ҳамроз Раҷабов, Комроншоҳи Устопирён — донишҷӯи курси 4 чемпион оид ба намуди гӯштини кураш дар шаҳри Стамбули Туркия, чемпион оид ба намуди самбо дар Юнон, ғолиби Ҷоми Аврупо оид ба намуди дюздо дар шаҳри Киев ва дар соли 2014 рейтинги № 1дар байни варзишгарони тоҷик эълон шудааст. Александр Проженко, донишҷӯи курси 4 оид ба намуди варзиши сабук дар масофаи 400 метр дар Тоҷикистон рекорд гузошта, роҳхат барои баромад намудан ба чемпионати Осиёро гирифт, Асатулло Сариев, донишҷӯи курси 2 дар мусобиқаи байналхалқӣ оид ба намуди дастхобонӣ, ки дар Япония баргузор гардид, ҷои аввалро ишғол намуд, Абдуазим Бойназаров, донишҷӯи курси 2, чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини камарбандӣ гардид, Абдукарим Қӯзиев донишҷӯи курси 1, дар чемпионати ҷаҳон оид ба намуди ҷанги дастӣ дар Федератсияи Русия, шаҳри Ростов на Дону ҷоизадор гардид, Абдусаттор Ғафуров, донишҷӯи курси 2 чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди қаиқронӣ дар масофаи 500 метр гардид. Инчунини омӯзгорони факултаи тарбияи ҷисмонӣ низ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд. Аз ҷумла Кристина Проженко, омӯзгори факултаи тарбияи ҷисмонӣ дар ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Алма-Ато моҳи июни соли 2014 аз рӯи намуди варзиши сабук 5 ҳараба иштирок намуда, сазовори ҷои дуюм гардид, Алиҷон Набиҷонов, омӯзгори факултаи тарбияи ҷисмонӣ ҷоизадорӣ бозиҳои байналхалқӣ оид ба намуди бокс ва чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди бокс мебошад.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






