Ду озмоишгоҳи ҷадид дар Тоҷикстандарт
Душанбе, 22.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ дар ин замина амалисозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” дар Агентии Тоҷикстандарт ду озмоишгоҳ оид ба муайян намудани мавҷудияти организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда дар маводи ғизоӣ таъсис гардида, дар он усулҳои нави ташхис ҷорӣ карда шуд.Озмоишгоҳҳои мазкур дар ҷумҳурӣ ягона ба шумор мераванд, ки мавҷудияти организмҳои ба таври генетикӣ тағирдодашударо дар таркиби маводи ғизоӣ муайян мекунанд. Дар ин замина 4 мутахассиси агентӣ дар шаҳри Маскав аз курси омӯзишӣ гузашта, барои оғоз намудани фаъолият омода гаштаанд. Таҷҳизоти ин озмоишгоҳ замонавӣ буда, аз ширкатҳои “ДНК Технология”, “БИОКОМ”-и Федератсияи Русия, ширкати “НТL”-и Ҷумҳурии Полша ва ширкати “Eppendart”-и Ҷумҳурии Олмон дастрас шуда, дар озмоишгоҳ насб карда шудааст.Агентии Тоҷикстандарт дар оянда мақсад дорад, ки чунин озмоишгоҳҳоро дар марказҳои зертобеаш таъсис диҳад ва барои дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷиҳати сари вақт муайян намудани мавҷудияти организмҳои ба таври генетикӣ тағирдодашударо дар таркиби маводи ғизоӣ мусоидат намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






