Э. Раҳмон аз шумораи занони роҳбарикунандаи Прокуратура изҳори нигаронӣ кард

Июль 10, 2014 15:04

Душанбе, 10.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ аз шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи ин мақомот, ки ҳамагӣ 5,2 фоизро ташкил медиҳанд, изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки ин нишондиҳанда андешидани тадбирҳои заруриро талаб менамояд.Айни ҳол дар ин мақомот 872 нафар корманд фаъолият дошта, 220 нафари онҳо ҳайати роҳбарикунандаро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 85 нафар ё 40 фоиз ҷавонони синни то 40 — сола мебошанд.Аз шумораи умумии кормандон 171 нафар дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ кор мекунанд.

Июль 10, 2014 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд