Фаъолияти 555 адад шӯъбаҳои алоқаи КВД «Почтаи тоҷик»
Душабе, 31.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Имрӯз зимни нишасти хабарӣ масъулини Хадамоти алоқаи кишвар иброз намуданд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 555 адад шӯъбаҳои алоқаи КВД «Почтаи Тоҷик» фаъолият мекунад. Мувофиқи ҳисоботҳои пешакӣ дар соли 2014 аз тарафи КВД «Почтаи Тоҷик» ба андозаи 2,7млн. сомонӣ хизмат расонида шуд.Гуфта шуд, ки ҳаҷми муросилоти почта ва матбуоти даврӣ дар Душанбе дар 1 ҳафта 5 маротиба, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар як ҳафта 3-4 маротиба ба роҳ монда шудааст.Дар ҷараёни нишаст қайд гардид, ки аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар донишгоҳҳои бурунмарзӣ 32 нафар ва дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси соҳа 4 нафар донишҷӯ донишомӯзӣ менамоянд.Баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии коргарон ва нигоҳ доштани мутухассисони соҳа Хадамоти алоқа дар шаҳри Душанбе, мавзеъи Зарафшон сохтмони 3-адад хонаҳои баландошёнаро идома истодааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






