Фархор: Фонди музди меҳнат 24 % афзуд
Душанбе, 19.07.2014 (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). Аз руи маълумоти шуъбаи омори ноҳия истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи 7452 тонна, сабзавот 14890 тонна, меваҷот 901 тонна, хуроки чорво 1307,1 тонна. Ҳамин тарик аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзи 78,2 фоизашро маҳсулотҳои растанипарвари ва 21,8 фоизашро маҳсулотҳои чорвордори ташкил медиҳад. Дар асоси маълумотҳои фаври – омори, ки аз тарафи субъектҳои хоҷагидори пешниҳод гардидаанд чорводории ноҳия дар моҳҳои январ – июн 1242 тонна гушт, 5815 тонна шир, 1603,0 ҳазор тонна тухм истеҳсол намуданд.Саршумори чорво ва парранда дар ҳаммаи ҳоҷагидори то 1 июли соли 2014 чунин аст: ҳайвони калони шоҳдор 45887 сар, аз он ҷумла модаговҳо 21730 сар, моли майдаи шоҳдор 110700 сар, парранда 56900 сар, асп 2684 сар мавҷуд аст, ки ин нисбати соли гузашта ҳайвони калони шоҳдор – модаговҳо 22 сар, моли майдаи шоҳдор 136 сар, парранда 1012 сар зиёд мебошад.Шумораи коргарони ноҳия бо 45,7 ҳазор расид. Фонди музди кори кормандон 18322,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин аз ҳамин давраи соли гузашта 3558,3 ҳазор сомони ё ки 24,1 фоиз зиёд мебошад.Музди миёнаи кори кормандон 519,55 сомониро ташкил дод, ки ин аз ҳамин давраи соли 2013 106,83 сомони ё ки 25,9 фоиз зиёд мебошад.Дар моҳи апрели соли ҷори шумораи нафақагирон 11766 нафар ва талаботи нафақаи як моҳа 2628,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То 1 – уми июни соли 2014 ба 11766 нафар нафақагирон 15496,6 ҳазор сомони нафақапули пардохт карда шудааст.Боиси қайд аст, ки сол то сол вазъи иҷтимоии аҳолии ноҳия беҳтар шуда истодааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






