ФФТ беҳтаринҳоро муайян кард
Душанбе, 07.07.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозингар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин довари моҳи июнро муайян кард.Тавре ки дар дар ин бора сомонаи ФФТ хабар додааст, Кароматулло Саидов, нимҳимоятгари дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон, беҳтарин бозингар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ ва ёвари довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз шаҳри Душанбе беҳтарин довар дар моҳи июн эълон шуданд.Гуфта мешавад, ки ба беҳтаринҳои моҳи июн ҷоизапулӣ, ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






