Х.Ибодзода: «Маркази яхшиносӣ» таъсис дода шуд»
Душанбе, 16.07.2014 (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). Дирӯз, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода фаъолияти шашмоҳаи Кумитаро ба хабарнигорон ҳисобот дод. Дар давраи ҳисоботӣ Кумита фаъолияти худро асосан барои иҷрои Стратегия ва Барномаҳои давлатию соҳавӣ, таъмини амнияти экологии аҳолӣ, ҳифзу беҳдошт ва истифодаи оқилонаи табиат равона намуд. Яке аз самтҳои асосии татбиқи чорабиниҳо дар бахши ҳифзи муҳити зист татбиқи самараноки барномаҳои давлатию соҳавӣ ва Конвенсияҳо дар бахши муҳити зист мебошад. Барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз октябри соли 2009 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии экологии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2019» 119 чорабинӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши онҳо марҳила ба марҳила идома дорад. Дар доираи таъмини иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омўзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли аввали 2014 «Маркази яхшиносӣ» таъсис дода шуд. Ҳамзамон дар назди Донишгҳои миллии Тоҷикистон кафедраи обу ҳавошиносӣ таъсис дода шудааст. Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи барқарорсозии шабакаҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ барои солҳои 2007-2016», то ин давра аз 34 банди Нақшаи чорабиниҳои Барнома 8 бандаш иҷро гардида, 17 банд дар ҳолати корӣ қарор доранд. Фаъолияти асосии Кумитаро пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ташкил мекунад. Дар шаш моҳи аввали соли 2014 — 11725 санҷишҳои комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронда шуд. Дар натиҷаи санҷишҳо ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист — 20367 адад пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ дода шуданд, иброз дошт Х. Ибодзода.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






