Хадамоти муҳоҷират: муроҷиати шаҳрвандон зиёд гаштааст!
Душанбе, 25.07.2014. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод). -Тибқи иттилоӣ сардори раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Шаҳбоз Раҷабов агар дар шаш моҳи соли 2013 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 2202 нафар бо дархост муроҷиат карда бошанд, пас дар шаш моҳи соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон афзоиш ёфта, 39575 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондод ба ҳамин давраи соли гузашта 35 маротиба яъне 37373 нафар зиёд мебошад. Ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд 5138 нафар, вилояти Хатлон-4877 нафар, ВМКБ 1156-нафар, шаҳри Душанбе 11031 нафар ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия — 2046 нафар муроҷиат намуданд. Бояд иброз дошт, ки ҳангоми санҳиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 3245 нафар шаҳрвандон дар рўйхати мамнўъшудагон қарор дошта, аз сафари онҳо пешгирӣ карда шуд. Бояд қайд намуд, ки муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират асосан оид ба санҷиши маҷбуран берункардан (депортация), иҷозаи кор ва патент дар Россия, вакансияҳои ҷойҳои кори холӣ дар хориља, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, оид ба пардохти музди меҳнат, бедарак гаштани хешовандону наздикон ва овардани онҳо ба Ватан ва ғайра сурат мегирад. Ҳазмон гуфта шуд, ки аз тамоми шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия ҷиҳати гирифтани маслиҳатҳои муфид ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






