Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 30.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон Мариан Шиманович ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот масъалаи оғози марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Роҳбари вилоят амалишавии ин лоиҳаро бо қаноатмандӣ пазируфта таъкид намуд, ки дар шароити имрузаи минтақа, ки раванди ислоҳоти замин ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ идома дорад, таъминот бо оби полезӣ хеле муҳим аст. Зеро дар аксари навоҳии кишоварзӣ хоҷагидорон ба оби полезӣ ба таври кифоягӣ дастрасӣ надоранд ва ин муамморо худи онҳо дар алоҳидагӣ бартараф карда наметавонанд.Гуфта шуд, ки то имрӯз дар вилоят наздик ба 30 ҳазор хоҷагии шакли нав ташкил шудааст ва 80 фоизи онҳо аллакай бо сертификат таъмин мебошанд. Барои хоҷагиҳои нав бошад, фароҳам овардани шароти мусоиди фаъолият аз ҳадафҳои асосии мақомоти иҷроия мебошад, ки ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва танзими корбарии захираҳои обӣ барои истифодаи баробар ва самаранок аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашуда ба ҳисоб мераванд.Дар ҷараёни мулоқот Мариан Шиманович — роҳбари лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон барои қабул ва мусоидат дар амаликунии лоиҳа изҳори сипос кард ва умедворӣ намуд, ки ҳамкории тарафайн дар самти амалисозии лоиҳаи мазкур манфиатнок хоҳад шуд. Лоиҳаи минтақавии идоракунии захираҳои обӣ дар доираи стратегияи швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки вазъи таъминоти об бо истифодаи роҳу усулҳои муосиру самаранок дар минтақа беҳтар гардад. Марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» — и Шветсария, Оҷонсии ҳамкории техникӣ ва Оҷонсии олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳандозӣ хоҳад шуд ва доираи фаъолияташ ҳавзаҳои дарёи Сир, аз ҷумла ҳавзаи Оқсу ва ҳавзаи Хоҷабокирғонро дар бар хоҳад гирифт. Банизомдарории захираҳои обӣ дар ин ҳавзаҳо ва автоматикунонии онҳо имкон медиҳад, ки таъминоти об дар чор навоҳӣ — Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ то андозае ҳалли худро ёбад.Дар рафти мулоқот ҳамчунин доираи ҳамкориҳо бо Лоиҳаи инкишофи бозори маҳаллӣ ва парваришу содироти маҳсулоти органикӣ ва биомаҳсулот дар самти пахтакорӣ, зардолупарварӣ ва дигар меваю сабзавот дар вилоят мавриди гуфтугӯ қарор дода шуданд, ки дар ин самт аз ҷониби лоиҳаи номбурда корҳои таҷрибавӣ ба роҳ монда шудаанд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






