Инноватсия ва роҳҳои ташкили дастовардҳои инноватсионӣ
Душанбе, 11.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ, ба мақсади амалӣ намудани супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷорӣ намудани навоварӣ ва инноватсия дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ ва тибқи нақша чорабиниҳо дар мавзӯи «Инноватсия ва роҳҳои ташкили дастовардҳои иноватсионӣ», дар Маркази инноватсионии омӯзиш ва рушди деҳоти Ассотсиатсияи миллӣ, санаи 17-уми июли соли равон семинари омӯзишӣ доир менамояд. Тавре, ки аз дафтари матбуоти вазорати кишоварзии кишвар хабар доданд, тибқи барнома дар ҷараёни семинари омӯзишӣ баромади мутахассисону олимони соҳаи кишоварзӣ, намояндагони ассотсиатсияҳо ва созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






